Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии кишвар, инчунин бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 муваққатан бе тамошобин баргузор мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст. Аз ин пеш Вазорати тандурустии Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ба иллати хатари коронавирус чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар коҳиш дода шавад.
Федератсиони футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ намуд ва бо мақсади пешгирӣ тасмим гирифт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни мухлисон баргузор карда шавад.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ёздаҳум доир мегардад. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. «Истиқлол» ҳашт бор, «Равшан»-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор якборӣ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон баранда шудаанд.
Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷом, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, «Истиқлол» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.
Суперҷоми Тоҷикистон - 2020
4-уми апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:00
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки бо ширкати даҳ даста рӯзи 5-уми апрел оғоз меёбад, муваққатан бидуни тамошобинон доир мегарданд.
Дар мусобиқаи имсола ба ҳафт дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ССКА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хатлон» (Бохтар), се дастаи нав - «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) - пайваcтанд.
Мусобиқаи лигаи олӣ дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои нӯҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.
Дар нахустин даври мусобиқа рӯзи 5-уми апрел се бозӣ доир мегардад: «Локомотив-Помир» – «Файзканд», «Хатлон» – «Истаравшан» ва «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ». Боз ду бозии дигари даври аввал 8-уми апрел миёни дастаҳои «Душанбе-83» – «Истиқлол» ва ССКА – «Хуҷанд» баргузор мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2020. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
5-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Локомотив-Помир» – «Файзканд»
«Хатлон» – «Истаравшан»
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»
8-уми апрел (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Душанбе-83» – «Истиқлол»
ССКА – «Хуҷанд»
фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Baraks!! In konun baroi konuni kardani pulxoi shirkatxoi ba mis фикр мекунам, ин афв бештар ба мансабдорон ва наздикони президент нигаронида шудааст, то сармояҳоеро, ки дар хориҷа нигоҳ медоранд, ба кишвар бозгардонанд. Baraks! Dar Garb konun bar ziddi pulshui saxtar shudagi. Pulhoi jaamshudaashonro boyad ba afshorho guzaronid. Aafu konuni nakunand, dar Garb pulhoyashonro arest mekunand! Ana baroi hamin! Pulxoi Nazarboevu chand Oligarxhoi Russia yak bor alakai suxta pud.
Шумо ҳамин ҷиноятҳоро дар назар доштед? “Тарафдори факт ва илм”? 1.Инквизиция дар Аврупои асримиёнаги, ки хатто ба тифлони дар батни модарон буда хам рахм намекарданд. 2.Истеъмору дуздиву горатгарии Британияи истеъморгар нисбати Шарку, Хинду, Полинези. 3.Вахшигарихои Фаронсавихо дар Алжир-2 миллион мусалмонони катл шуда. 4.Омрико бо катли берахмонаи Херосима Нагасаки, Вьетнам,Ирок, Афгонистон, Сурия. 5.Русхо дар Кавкозу, Осиёи Миёна ва Афгонистону Сурия. 6.Чангхои 1 ва 2-ми чахони, Олмон, 7.Фаластини гасбшуда.
Эй бародар аз паёмат хастаем, Гарчӣ бар хоки ватан дил бастаем. Бас кун охир ҳарзаву ҳазёни худ, Шод бинмо мардуми нолони худ!
Ягон кишваре нес тки гуфтабошад ТОЧИКИСТОНРО ЗАБТ Карданист? Ман мегуям ки хаст инхел давлат ва номи ин давлат Киргизистон у ба хаштод дар сади вилояти сугдро забт мекардаги ва ин хам ошкоро
10 сол пеш вазият хело хубтар буд, хозир ин оила ошкоро горат мекунад ва аз хеч кас тарс надоран!!!!