Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон аз ним миллион нафар гузашт


Тибқи охирин гузоришҳо, шумораи гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон рӯзи панҷшанбеи 26-уми март аз 510 ҳазор нафар гузашт ва шумораи қурбониён ҳам ба беш аз 23 ҳазор нафар расидааст. Тайи 24 соати гузашта ҳудуди 40 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 750 тан бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Бештарин шумораи қурбониён дар Италия ва Испания будааст. Дар Италия то рӯзи панҷшанбе бар асари ин беморӣ 8165 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи қурбониёни коронавирус дар Испания ба 4145 нафар расидааст.

Дар Чин давоми 24 соати гузашта танҳо шаш қурбонӣ ва 67 мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Шумораи умумии қурбониёни коронавирус дар Чин 3287 танро ташкил медиҳад. Коронавирус барои бори аввал дар Чин пайдо шуд, аммо ин кишвар бо тадбирҳои ниҳоят сахт, тавонист пеши роҳи густариши ин вирусро бигирад.

Аммо дар дигар кишварҳои ҷаҳон вирус ба шиддат дар ҳоли густариш аст. Мавридҳои гирифторӣ ба вируси нав дар Амрико ва Олмон танҳо дар 24 соати гузашта дар ҳар кадоме аз ин ду кишвар бештар аз 6 ҳазор ҳолат будааст.

Коршиносони ва мутахассисони тиб бар ин бовар ҳастанд, ки шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар саросари ҷаҳон бештар аз оморҳои феълӣ аст ва хелеҳо ҳанӯз озмоиш нашудаанд, то бемории онҳо собит шавад.

Барои мисол, ахиран натиҷаҳои таҳқиқоти Муассисаи дифоъ аз ҳуқуқи мардумӣ дар Италия мунташир шуд, ки нишон медиҳад эҳтимолан шумораи гирифторон ба вируси корона дар ин кишвар 10 баробари он чизе аст, ки то ба ҳол таъйид ва дар оморҳои расмӣ баён шудааст.

Тибқи оморҳои расмии Эрон, шумораи қурбониёни ин вирус дар рӯзи панҷшанбеи 26-уми март ба 2234 нафар расидааст. Аммо таҳқиқоти Радиои Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ то рӯзи чаҳоршанбе ҳадди ақал се ҳазору 36 нафар будааст.

Омори навтарин баъди он нашр шуд, ки раҳбарони бист кишвари иқтисоди бузурги ҷаҳон гуфтанд, ки аз пандемияи коронавирус ҷиддан нигарон ҳастанд ва бо паёмадҳои он якҷо мубориза мекунанд. Раҳбарони G20 ҳамчунин гуфтанд, ки ба иқтисоди ҷаҳон беш аз 5 триллион доллар сармоягузорӣ мекунанд.

Оморҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки то ба ҳол беш аз 122 ҳазор гирифторон ба бемории корона низ саломатии худро дубора ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG