Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо узбекистонӣ ба сабаби СOVID-19 дар марз дармондаанд


Марзи Қазоқистону Узбекистон
Марзи Қазоқистону Узбекистон

Рӯзи 25-уми март дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон беш аз 500 кас ва дар сарҳади Қирғизистону Узбекистон зиёда аз 150 узбекистонӣ ҷамъ шуданд. Мақомоти Узбекистон ба онҳо иҷозати даромадан ба кишварро намедиҳанд.

Мақомоти Қазоқистону Қирғизистон мегӯянд, ҳоло барои ҳалли мушкил бо ҷониби Узбекистон гуфтугӯ доранд. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ба шаҳрвандонашон танҳо пас аз омода шудани ҷойҳои карантин иҷозати даромадан медиҳанд.

Нуқус Пӯлоди 35-сола яке аз онҳое аст, ки дар шаҳри Атирауи Қазоқистон кор мекард ва ҳоло ҳангоми баргашт ба ватан дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон банд мондааст.

"23-юми март тавассути гузаргоҳи "Тажен" хостам ба ватан баргардам, вале касеро даромадан намемонданд. Онҷо 400 кас ҷамъ шуда буд. Дар миёнашон онҳое буданд, ки аз Русия тавассути Қазоқистон ба Узбекистон бармегаштанд. Марз пурра бастааст. Тасмим гирифтам дубора ба Атирау баргардам. Бархе аз шиносҳоям низ баргаштанд, вале бисёриҳо мунтазири боз шудани марзанд", - гуфт ӯ.

Мақомоти Узбекистон шоми 24-уми март ба як гуруҳи пиронсолон, кӯдакон ва занон иҷозати вуруд ба кишварро додаанд.

Раиси ҷамъияти узбекони Қазоқистон Икром Ҳошимҷонов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 500 кас мунтазири иҷозати даромадан ба Узбекистон ҳастанд.

"Узбекистон аз 23-юми март марзҳои худро баст, бинобар ин, мардуми зиёд ҷамъ шудааст. Сабаб дар он аст, ки дар дохили Узбекистон барои ба карантин гирифтан ҷой омода доранд. 23-юми март 629 кас ва 24-уми март 800 кас марзи Қазоқистону Узбекистонро гузаштанд. Ҳамаашон ба карантин гирифта шудаанд. Ҳоло 500 каси дигар мунтазиранд", - афзуд Ҳошимҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни дармондаҳо 47 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд, ки мехостанд, ба воситаи Узбекистон ба ватан баргарданд ва ҳоло сафорати Тоҷикистон барои ҳалли мушкили шаҳрвандони худ бо мақомоти узбек гуфтугӯ доранд.

Узбекистон аз 16-уми март ба далели ошкор шудани коронавирус ё худ СOVID-19 равуои ҳавоӣ ва заминиро бо кишварҳои хориҷ манъ кард. Аз он рӯз вуруди хориҷиҳо ба Узбекистон манъ шуда, аз шаҳрвандони ин кишвар даъват мешавад, ба ватан баргарданд.

XS
SM
MD
LG