Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии маҳбусон дар суҳбати "рӯ ба рӯ"-и ҳукумат бо Толибон


Аъзои зиндонии Толибон ҳангоми суҳбат бо "Ассошиэйтед Пресс" дар маҳбаси Пули Чархӣ дар Кобул
Аъзои зиндонии Толибон ҳангоми суҳбат бо "Ассошиэйтед Пресс" дар маҳбаси Пули Чархӣ дар Кобул

Мансабдорони ҳукумати Афғонистон дар рӯзҳои наздик бо намояндагони ҷунбиши Толибон мулоқот карда, оғози раҳоии ҷангҷӯён аз маҳбусро баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора Шӯрои амнияти миллии Афғонистон хабар дод.

“Дар рӯзҳои наздик тими Толибон бо ҳукумати Афғонистон мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дода, озодии 100 маҳбусро то 31-уми март муҳокима мекунад", - навишт намояндаи расмии Шӯро Ҷовид Файсал дар Твиттер.

Вай илова кард, аз Толибон кафолат гирифта мешавад, ки маҳсубони озодшуда дубора ба майдони ҷанг бар нахоҳанд гашт.

Суҳайл Шоҳин, намояндаи Толибон дар твиттер навишт, "озодии маҳбусон амалан аз охири моҳи март шуруъ мешавад".

Вай гуфт, тими Толибон ба самти маҳбаси "Багром" дар шимоли шаҳри Кобул равона мешавад, ки мақомоти Афғонистон Толибони зиёдеро дар онҷо нигаҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG