Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи дигари муҳоҷирони бандмондаи тоҷикро аз Маскав меоранд


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр". Акс аз бойгонӣ.
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр". Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки шоми 25-уми март ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" мусофирони дармондаи тоҷикро аз шаҳри Маскав меорад. Ин муҳоҷирон мегӯянд, шаш рӯз боз дар фурудгоҳи "Внуково" дар шароити вазнине ҳастанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳавопаймҳои "Тоҷик Эйр" соати 18:45 аз фурудгоҳи Душанбе ба Маскав парвоз мекунад.

Ба қавли манбаъ, мусофирони дармондаи тоҷик аз фурудгоҳи "Внуково" ба фурудгоҳи "Домодедово" оварда шуда, аз онҷо ба Тоҷикистон интиқол меёбанд. Дар фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав феълан беш аз 100 муҳоҷири тоҷик дармондаанд. Ин муҳоҷирон ба гуфтаи худашон бояд шоми 19-уми март ба Тоҷикистон парвоз мекарданд, вале бо сабаби қатъи парвозҳо наметавонанд ба ватан баргарданд.

Қатъи парвозҳо ба Тоҷикистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар фурудгоҳҳои Русия ва Истанбули Туркия сарсон кард. Рӯзи 24-уми март дар пайи шикоятҳои зиёди муҳоҷирон як парвози вижаи ширкати "Сомон Эйр" муҳоҷирони тоҷикро аз фурудгоҳи "Жуковский" ба шаҳри Бохтар интиқол дода буд.

XS
SM
MD
LG