Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RWB журналистони покистониро ба ҳифзи сиҳҳатӣ даъват кард


Як корманди ихтиёрӣ кӯчаеро дар Пешавари Покистон бо маҳлули зиддисироятӣ обпошӣ мекунад
Як корманди ихтиёрӣ кӯчаеро дар Пешавари Покистон бо маҳлули зиддисироятӣ обпошӣ мекунад

Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders - RSF) гуфт, ки дар Покистон расонаҳои маҳаллӣ бояд мувққатан дафтарҳои намояндагии худро бубандад, то ки хатари олудашавии журналистон ба коронавирус камтар шавад. Дар ин кишвар се журналисти телевизион, ки дар манотиқи кишвар кор мекарданд, олудаи вируси нав шуданд. Дэниел Бастард, раҳбари бахши Уқёнусияи Гузоришгарони бидуни марз рӯзи 23 март гуфт, аз эҳтимол дур нест ин журналистон ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбии худ дучори вирус шудаанд.

Машварати муваққатан бастани дафтари расонаҳо ду рӯз баъди он садо дод, ки ду журналисти News 24 HD TV ва як хабарнигори AbbTakk TV дар санҷиши коронавирус посухи мусбат дарёфт карданд. Бастард дар муроҷиат ба муассисону раҳбарони расонаҳои хабарии Покистон даъват кард, ки саломатии коргаронро дар мадди аввал гузошта онҳоро ба хона ҷавоб диҳанд, то аз хонаҳояшон корро идома диҳанд. Дар Покистон шумори олудашудаҳо ба коронавирус ба 972 нафар расида, марги 7 нафар тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG