Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати ИМА барои пуштибонӣ аз иқтисод $2 триллион ҷудо мекунад


Доналд Трамп зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед.
Доналд Трамп зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед.

Дар ИМА барои барқарории иқтисод ва кӯмак ба бахши тандурустӣ дар муқобила бо вируси корона созиши таърихие ҳосил шуд, ки ҷудо кардани 2 триллион долларро дар назар дорад.

"Сенаторҳо ва Кохи Сафед баъди чандин гуфтугӯи ноком, ниҳоят дар рӯзҳои истироҳати гузашта ба созиш расиданд", гуфт Эрик Уиланд, намояндаи Кохи Сафед рӯзи 25-уми март.

Хабаргузориҳо менависанд, мумкин аст, раъйдиҳӣ ба тарҳи қонуни ҷудо кардани 2 триллион доллар дар Конгресс имрӯз, 25-уми март сурат гирад.

Аммо баъди қабули тарҳи қонун аз сӯи Конгресс, палатаи поёнии порлумони Амрико ҳам бояд аз он ҷонибдорӣ кунад.

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, омода аст, онро имзо кунад. "Конгресс бояд онро фавран қабул кунад. Ҳарчи қадар он вақти зиёд гирад, ҳамон қадар барқарории иқтисоди мо душвортар мешавад. Коргарони мо зиён мебинанд", - навишт Трамп дар твиттер.

Аммо демократҳо зидди тарҳи мазкур ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ин тарҳ аҳамияти ширкатҳоро нисбати коргарон ва хонаводаҳо бештар мекунад. Демократҳо ҳамчунин гуфтанд, ки тақсими 500 миллиард доллар миёни ширкатҳо норӯшан аст.

XS
SM
MD
LG