Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими тақрибан 1000 ниқоби тиббии бепул дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ.

Ширкати таксии "Максим" дар чанд рӯзи ахир барои муштариёни худ дар Хуҷанд ҳудуди ҳазор ниқоби тиббиро бепул тақсим кардааст. Қарор аст, баъд аз анҷоми таътили наврӯзӣ чунин амр барои муштариён дар шаҳри Душанбе низ роҳандозӣ шавад.

Ин ширкати хадамоти таксӣ нахустин ширкати мусофирбарӣ аст, ки дар вокуниш ба эҳтимоли паҳншавии бемории коронавирус ё СОVID-19 иқдомеро роҳандозӣ кард.

Сӯҳроб Ниёзов, мудири кулли намояндагии ширкати "Максим" дар Тоҷикистон, 24-уми март гуфт, бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар мубориза бо коронавирус тасмим гирифтаанд, ба муштариёни худ ниқобҳои ройгони тиббӣ ҳадя кунанд.

Ӯ афзуд, "ҳамчунин ҳар рӯз мошинҳои таксии ширкат аз сӯйи сохторҳои махсуси беҳдоштӣ поккорӣ (дезинфексия) мешаванд. Мутмаинем, ки ин амр барои пешгирии бемории сокинон ба коронавирус мусоидат мекунад".

Мудири кулли намояндагии ширкати "Максим" афзуд, баъд аз анҷоми марҳилаи нахустини тақдими ройгони ниқобҳои тиббӣ чунин иқдом ҳам дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам Душанбе идома дода мешавад. Ба гуфтаи вай, таътили чандрӯзаи наврӯзӣ монеъ шудааст, ки ин амр ба зудӣ иҷро гардад.

Соҳибназарон мегӯянд, арзиши ҳазор дона ниқоби тиббӣ чандон гарон нест ва аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ хоҳад буд. Аммо иқдоми ин ширкат барои тақсими ройгони ниқобҳо барои ширкатҳои дигари мусофирбар метавонад ибратбахш бошад ва эҳтимол пайравони худро пайдо кунад.

Дар Душанбе танҳо дар се рӯзи ахир ҳузури пулиси роҳ бо ниқобҳои тиббӣ дар хиёбонҳоро метавон мушоҳида кард.

Феълан дар бозори хадамоти таксии Душанбе ширкатҳои зиёде фаъол шудаанд, ки дар миёни онҳо "Рахш таксӣ", "Эйшн Экспресс" ва "Олуча" пешсаф дониста мешаванд.

Ҳар яке аз ин ширкатҳо то ду ё се ҳазор мошини таксӣ дар ихтиёр доранд. Ширкати русии таксиронии "Максим" соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар Тоҷикистон аз соли 2017 фаъол буда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Бӯстон ва Бохтар фаъол шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд ин ширкат ҳудуди 500 мошини такси дорад.

Хадамоти таксии "Максим" аслан моли Русия аст ва дар бештаре аз кишварҳои пасошӯравӣ намояндагиҳои худро таъсис додааст. Гуфта мешавад, арзиши хадамоти таксии "Максим" дар Тоҷикистон арзонтарин аст.

Моҳи январи имсол як гурӯҳ аз ронандагони ин ширкат дар шаҳри Хуҷанд, ба сабаби арзон будани роҳкиро "корпартоӣ карданд", чун ба қавли онҳо хароҷотро намепӯшонад. ​Масъулони ширкат гуфтанд, дар нархномаи онҳо тағйироте ворид нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG