Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироятшиноси рус барои пинҳон кардани сафараш ба Испания ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуд


Дар Русия шумори бештарини олудашудаҳо ба коронавирус дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд
Дар Русия шумори бештарини олудашудаҳо ба коронавирус дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд

Дар Русия нисбати як мутахассиси амрози сироятӣ, ки эҳтимолан баъди богашташ аз Испания карантини хонагиро риоя накард, парванда боз кардаанд. Кумитаи тафтишот дар минтақаи Ставрополйе сардухтури бемориҳои сироятии минтақаро барои нақзи қоидаҳои карантин ба ҷавообгарӣ кашидааст. Ирина Санникова бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – “Пинҳон кардани иттилоъ дар бораи ҳаводисе, ки ба зиндагиву саломатии инсонҳо хатар дорад” ва “Хунукназарӣ” гумонбар мешавад. Ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафтишот мегӯяд, ки Санникова баъди сафараш ба Испания – кишвари дуюми осебдида аз коронавирус дар Аврупо якбора ба кор баромад ва раҳбарияташро дар бораи ин сафар огаҳ накард. Оҷонсии Интерфакс мегӯяд, полис беш аз ҳазор нафарро, ки эҳтимолан бо Санникова дар тамос шуданд, аз санҷиш гузаронид. Дар ташхиси аввалин вуҷуди коронавирус дар ҷисми 11 нафари онҳо тасдиқ шуд.

Айни замон, вебсайти “Медиазона” мегӯяд, ки Санникова аз 6 то 9 март, замоне, ки тадбирҳои карантинӣ дар Русия ҳанӯз ҷорӣ нашуда буд, ба Испания сафар карда буд. Муқаррароти хабар додан дар бораи сафари хориҷии худ ба кишварҳои олуда ба коронавирус дар Ставрополйе 18 март ҷорӣ шуд. Ва танҳо ду рӯз баъд раиси минтақа амр дод, ки ҳама баргаштаҳо давоми ду ҳафта дар карантин бошанд.

Дар Русия рӯзи 24 март шумори олудашудаҳо ба коронавирус ба 438 нафар расид. Бештарин ҳолатҳо – 262 ҳодисаи олудагӣ дар Маскав ба қайд гирифта шудааст. Дар Ставрполйе беш аз даҳ нафар беморанд. Дар саросари ҷаҳон беш аз 15 ҳазор нафар бар асари олудагӣ ба коронавирус, ки боиси пайдоиши Ковид-19 мешавад, ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG