Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми се мард барои оташ задани як муассисаи маҷористонӣ дар Украина


Михал Прокопович дар додгоҳ дар байни ду ходими полис нишастааст
Михал Прокопович дар додгоҳ дар байни ду ходими полис нишастааст

Додгоҳе дар шаҳри Краков се шаҳрванди Полшаро дар амалҳои террористӣ айбдор дониста гуфт, ин шахсони рӯ ба Русия соли гузашта як маркази фарҳангии маҷорӣ (ё венгерӣ)-ро дар ғарби Украина оташ задаанд.

Ин нафарон дар оташ задани маркази фарҳангии маҷориҳо дар минтақаи Закарпатйеи Украина айбдор дониста шуданд. Ин минтақа макони зисти 100 ҳазор маҷориҳо мебошад. Раҳбари ин гурӯҳ Михал Прокоповичи 29-сола ба се соли зиндон маҳкум шуд. Як шарики 23-солаи ӯ ба ду соли зиндон ва нафари сеюм ба хотири ҳамкориаш бо тафтишот ба ду соли корҳои ислоҳӣ маҳкум гардиданд.

Ҳамла ба маркази фарҳангӣ дар моҳи феврал рух дод. Ҳамлагарон он моҳ ду дафъа коктейли Молотовро аз тирезаи марказ ба дохил партофтанд ва баъди ҳамлаи дуюм сӯхтор рух дод. Худи ҳамон моҳ бар асоси иттилои сохторҳои амниятии Украина гумонбаронро дар хоки Полша боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашиданд. Прокопович ва як шарикаш худро бегуноҳ эълон карданд.


Прокопович узаи ҳизби миллатгарои рӯ ба Русияи “Змяна” аст, ки раҳбараш соли 2016 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русияву Чин ҳабс шуд. Ду нафари дигар узви гурӯҳи неофашистии “Фаланга” мебошанд, ки аъзояш дар ҷангҳои минтақаи шарқии Украина дар сафи ҷудоиталабон дида шудаанд.

XS
SM
MD
LG