Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркашиши калисои Русия ба намоз бо противогаз омад. ВИДЕО


Акс аз маросими Милоди Масеҳ дар калисои марказии Маскав
Акс аз маросими Милоди Масеҳ дар калисои марказии Маскав

Саркашиши калисои ортодокси Русия Андрей Ткачев ба мавъизахонӣ бо ниқоби зидди газ (противогаз) ҳозир шуда, бо ин кораш онҳоеро, ки аз таҳдиди олудашавӣ ба коронавирус ниқоб ба рӯй мегарданд, ба масхара кашид. Дар ин бора рӯзи 23 март Радио Свобода бо такя ба ТВ “Дождь” хабар дод. Баъди он ки намозгузорон ба ин кори кашиш бо ханда вокуниш карданд, ӯ ба намозхонӣ сар кард. Баъди чанд вақт ӯ ниқоби зидди газро аз рӯяш бадар кард ва телевизиону матбуоти дигарро барои нашри хабар дар бораи паҳншавии коронавирус “оби ифлос” номид. “Илоҳо шумо аз болои ин палидиҳои шайтонӣ тамоми умр бихандед”, гуфт саркашиш. Видеои сабтшудаи суханрониҳои саркашишро корбаре бо номи Роман Голованов сабт кард.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта пешвои калисои ортодокси русӣ Кирилл аз намозгузорон даъват кард, ки тадбирҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирусро нодида нагиранд ва онҳоеро, ки ин тадбирҳоро рад мекунанд, “бадкор” номид. Аз ин пеш ӯ матни дуоҳои хоси зидди коронавирусро ҳам тасдиқ кард. Ҳарчанд дар матн аз вожаи “коронавирус” ёд нашудааст, вале ин вирус бо истилоҳи тамсилии “ҳавои марговар” ифода ёфтааст.

Саркашиш Андрей Ткачев дар гузашта ҳам дар мавъизаҳояш дар телевизионҳои мазҳабӣ аз истилоҳу услуби шадидлаҳну гоҳо таҳқиромез истифода кардааст. Масалан, ширкатдорони намоишҳои эътирозии тобистони соли гузашта дар Маскавро, ки бо натиҷаҳои интихобот розӣ набуданд, “издиҳоми мардуми девона” ва “бадбӯйҳо” номид.

XS
SM
MD
LG