Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, таҳсили донишомӯзонро дар тобистон дароз намекунад


Донишҷӯёни қирғиз бинобар коронавирус ба таътил мераванд.
Донишҷӯёни қирғиз бинобар коронавирус ба таътил мераванд.

Муовини вазири маорифи Қирғизистон Нурлан Омуров 21-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, таҳсили хонандагону донишҷӯён ба далели таътили ғайриинтизор дар пайи ошкор шудани коронавирус дар тобистон дароз нахоҳад шуд, зеро низоми таҳсили фосилавиро ба роҳ мондаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир вазорат нақшаи чораҳои фавриро таҳия дорад ва бо назардошти вазъ эҳтимол аст, карантин тамдид шавад.

"Вазифаи мо фаро гирифтани ҳамаи донишомӯзон ба дарсҳои фосилавӣ аст. Новобаста аз он ки дастрасӣ ба интернет доранд, ё не. Мо ҳоло гузинаҳои дигари дарсгузарии фосилавиро тариқи интернет, телевизор ва барномаҳои телефонӣ баррасӣ дорем. Барои ҳалли масъалаи имтиҳонсупорӣ низ гузинаеро пайдо хоҳем кард",-афзуд Омуров.

Қарор аст, давоми ҳафта дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Қирғизистон саҳифае боз шавад, ки синфҳои аз 1 то 11 тавонанд аз он маводи заруриро барои тақвияти дониши худ дастрас кунанд.

Дар мактабу донишгоҳҳои Қирғизистон аз 16-уми март барои се ҳафта таътил эълом ва аз 20-уми март дари боғчаҳо низ баста шуд.

Дар ин кишвар то 22-юми март 14 ҳолати мубталошавӣ ба вируси нав ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG