Додгоҳи шаҳри Оқтеппа 21-уми март се фаъоли маданӣ Алибек Молдин, Асилхан Жаубатиров ва Айтжан Темиргазиевро барои нақзи "вазъи фавқулода" 10-рӯзӣ ҳабс кард. Ду фаъоли мадании дигар Карагоз Башигулов ва Аклим Туксиков 26 510-тангаӣ (ҳудуди 59 - долларӣ) ҷарима шуданд.
"Ин шаҳрвандон бар асоси банди "Нақзи вазъи фавқулода" айбдор дониста шуданд. Онҳо 18-уми март дар назди додгоҳи Оқтеппа тазоҳурот баргузор ва вазъеро вайрон карданд, ки бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз 15 марти соли равон ҷорӣ шуда буд", - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Хабари ҳабси фаъолони маданиро ҳамсари Алибек Молдин -- Жадира Нугманова тасдиқ кард. "Шавҳари ман ҳамроҳ бо фаъолони дигар ба додгоҳ рафтанд, то аз Асилхан Жаубатиров ҷонибдорӣ кунанд. Ба иллати вазъи фавқулода мурофиа баргузор нашуд ва онҳоро ба бинои додгоҳ роҳ надоданд. Онҳо маҷбур шуданд, дар берун бимонанд ва барои ҳамин, онҳоро ба нақзи вазъи фавқулода айбдор карданд",-изҳор дошт ӯ.
Дар Қазоқистон аз 15-уми март вазъи фавқулода эълом шуда, баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ, кори марказҳои тиҷориву фароғатӣ ва ғизои умум маҳдуд карда шудааст.