Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ гуфт, Амрико на ба мо, балки ба мардуми худаш кӯмак кунад


Хоманаӣ ҳангоми суханронии баҳшида ба Наврӯз.
Хоманаӣ ҳангоми суханронии баҳшида ба Наврӯз.

Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, ки теъдоди қурбониён аз бемории Ковид-19 ба 1685 нафар расидааст. Вазорати беҳдошт дар рӯзи 22-уми март эълон кард, ки дар 24 соати гузашта бемори ҷони 129 нафарро гирифтааст. Шумораи мубталоён ба бемории нав аз 21 600 нафар ҳам гузаштааст. Эрон пас аз Чину Итолиё саввумин кишвар дар ҷаҳон аст, ки теъдоди бештарини гирифторону ҳалокшудагонро дорад.

Бо онки шифохонаҳои кишвар зери фишори афзоянда мондаанд, мақомот аз мардуми Эрон хостанд, Наврӯзро мисли солҳои пешин ҷашн нагиранд ва дар хона бимонанд. Онҳо нигаронанд, ки сафару саёҳати мардум дар рӯзҳои ҷашн вазъро бадтар ва густариши бемориро зиёдтар мекунад. Айни замон тамоми мактабу донишгоҳҳо бастаанд ва барномаҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор намешаванд ва маросимҳои мазҳабӣ ва намоз дар ҳалқаҳои маҳдуд сурат мегиранд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон зимни суханронии бахшида ба Наврӯз пешниҳоди Амрико барои кӯмак дар мубориза бо коронавирусро рад кард. Ӯ гуфт: “Мо душмани зиёде дорем, вале бадтаринаш Амрикост ва акнун онҳо мехоҳанд, ба мо кӯмак кунанд.” Ӯ гуфт, беҳтар аст, Амрико ба мардуми худаш кӯмак кунад, ки онҷо ҳам садҳо нафар бар асари сирояти бемории нав ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG