Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни коронавирус аз 10 000 нафар гузашт


Шумораи онҳое, ки дар ҷаҳон бар асари коронавирус фавтидаанд, рӯзи 20-уми март аз 10 ҳазор нафар бештар шуд. Аврупо дар маркази ин беморист. Бино ба ҳисобҳо, теъдоди гирифторон ба вируси нав дар ҷаҳон ба тақрибан 250 ҳазор нафар расидааст.

Коронавирус охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд. Мақомоти ин шаҳр ду рӯзи охир дар бораи мавридҳои нави сироятёбӣ ба вирус хабар надоданд.

Айни замон дар Пекин дар бораи мубтало шудани 39 нафар гузориш шудааст. Мақомоти Чин мегӯянд, ин афрод аз берун омаданд.

Теъдоди умумии онҳое, ки бар асари коронавирус дар Чин фавтидаанд, ба 3245 нафар баробар аст. Дар ин кишвар беш аз 81 ҳазор нафар ба коронавирус гирифторанд.

XS
SM
MD
LG