Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи парвозҳо аз хориҷа ба Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз вирус. Шикояти муҳоҷирон. ВИДЕО


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохил ва хориҷи кишвар дастур додааст, ки аз 20-уми март ҳамагуна парвози ҳавопаймоҳоро ба самти Тоҷикистон манъ кунанд. Икром Субҳонзода, раиси ин идора, дар номаи расмӣ тасмимро ба пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус рабт дода, вале санаи анҷоми дастурро нагуфтааст. Аз ин пеш парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд шуда, ба Узбекистону Эрон ва Чину Афғонистон пурра қатъ шуда буд.

Гирифторӣ ба коронавирус дар кишварҳои хориҷи дуру наздик рӯ ба афзоиш намуда истодааст. Бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур дода мешавад, иҷрои парвозҳое, ки ба Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20-уми март муваққатан манъ карда шавад", - омадааст дар номаи Субҳонзода.

Таъсири аввалини иқдоми ногаҳониро даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия диданд, ки ба гуфтаи худашон бояд субҳи барвақти 20-уми март ба воситаи ҳавопаймои ширкати "Ютэйр" ба Тоҷикистон мерасиданд. Муҳоҷирон мегӯянд, намояндаи ширкат дар фурудгоҳи "Вунуково"-и Маскав ба онҳо гуфтааст, баъди гирифтани дастури ҷониби Тоҷикистон парвозро бекор карданд ва наметавонанд пули билети онҳоро бидиҳанд.

Яке аз муҳоҷирон бо фиристодани навор аз фурудгоҳ гуфт: "Инҷо бачаҳое ҳастанд, ки бо охирин пули худ билет харидаанд, хонаи иҷораашонро супурдаанд, акнун бояд чӣ кор кунанд?"​

Видеои фиристодаи муҳоҷиронро дар инҷо бинед:

"Карантин ҳам кунед, моро қабул кунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Дар намояндагии ду ширкати ҳавопаймоии русӣ дар Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки аз рӯзи ҷумъа парвози ҳавопаймоҳо аз хориҷ ба кишвар пурра қатъ шудааст. Ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон шоми 19-уми март бо нашри баёнияе гуфт, "аз санаи 20 марти соли 2020 муваққатан иҷрои парвозҳоро дар ҳамаи хатсайрҳои байналмилалӣ қатъ менамояд."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чанде аз ширкатҳо аз ҳоло бахше аз кормандони худро ба рухсатӣ ва таътил фиристодаанд, аммо ширкатҳо ҳанӯз ин хабарро расман таъйид накардаанд.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дастури раиси Оҷонси авиатсияи гражданӣ ба ба парвозҳои байналмилалӣ дахл дорад, аммо нақшаи парвози ҳавопаймоҳо дар дохили кишвар, аз ҷумла аз Душанбе ба Хуҷанд ё баръакс, ҳамоно пойбарҷост.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар ҳеч мавриди гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардаанд. Аммо то ин дам тақрибан 1900 нафаре, ки аз хориҷа омадаанд, зери назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Аз ин шумора беш аз чаҳорсад нафар ҳанӯз дар карантин ҳастанд.

Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи Маҷлиси Миллӣ гуфт, рӯзи 15-уми март даҳ шаҳрванди кишвар дар ҳавопаймое аз Истанбул ба Тошканд ва за он ҷо кишвар омаданд, ки дар ҳавопаймо як нафари мубтало ба коронавирус будааст. Шаш шаҳрванди Тоҷикистон зери назорати пизишкон қарор гирифта, ҷустуҷӯи чаҳор каси дигар идома доштааст.

Маълумот дар бораи қатъу маҳдуд шудани парвозҳо ва ҳаракати қатор ба Русия ва Узбекистон дар инҷост:​

XS
SM
MD
LG