Расонаҳои Украина хабар доданд, ки баъд аз тасдиқи гирифтории як узви порлумон ба вируси нав, раиси маҷлис ва тамоми вакилон аз санҷиши ҳатмии тиббӣ мегузаранд.
Сергей Шахов, узви порлумони Украина, баъди сафар ба як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар оғози ҳафтаи ҷорӣ ба кор баргашт ва ҳоло мақомот талош доранд ҳамаи онҳоеро, ки бо Шахов дар тамос буданд, аз санҷиш гузаронанд. Шахов 12-13-уми март дар телевизион ва 13-уми март дар нишасти Кумитаи экологии маҷлиси Украина дида шуд.
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, корти овоздиҳии Шахов рӯзи 17-уми март дар порлумон ба қайд гирифта шуд, вале худи Шахов дар ҷаласаи порлумонӣ ҳузур надошт.
Зеленский гуфт, "мутаассифона, ҳамкорони ӯ дар овоздиҳии бисёркарата гунаҳкор ҳастанд”.
Мушкили овоздиҳии аъзои порлумон ба ҷойи якдигар ва дар ғайби депутатҳо дер боз мавриди интиқод аст. Қонун барои чунин амалҳо муҷозот пешбинӣ мекунад.
Дар Украина 16 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ва ду ҳодисаи марг бар асари ин беморӣ тасдиқ шудааст. Украина аз 16-уми март ба мӯҳлати ду ҳафта марзҳояшро ба рӯи хориҷиҳо баст.