Дар шаҳри Алматои Қазоқистон шоми 18-уми март маҷмааи зисти "Сункар"-ро пурра ба карантин гирифтанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар бино як нафари мубтало ба коронавирус ошкор карда шудааст.
Сокинони "Сункар" ҳақ надоранд, давоми 15 рӯзи оянда биноро тарк кунанд. Муовини раиси шаҳри Алмато Ержан Бобокумаров дар суҳбат бо сомонаи интернетии "Vласт" гуфтааст, "маҷмааи зист ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус ба карантин гирифта шуд".
Аз 19-уми март дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон ба далели паҳни коронавирус карантин эълом ва дастрасӣ ба онҳо маҳдуд хоҳад шуд. Фаъолияти марказҳои тиҷориву фурӯшгоҳҳои бузург маҳдуд, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва вуруду берун рафтан аз ин кишвар манъ гашт. Мулоқотҳои ҳукуматӣ ва нишастҳои хабарӣ онлайнӣ баргузор мешаванд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, аз 22-юми март ҳаракати қатора ва парвози ҳавопаймоҳоро пурра қатъ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори умумии онҳое, ки дар саросари ҷаҳон ба коронавирус мубтало шудаанд, ба беш аз 218 ҳазор мерасад. Теъдоди қурбониён ба 9 ҳазор расида, 84 ҳазор одам аз вирус шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистон 36 ҳолати мубталошавӣ ба вируси нав қайд шудааст.