Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати 16 кишваре, ки баъди бозгашт аз онҷо "карантин" мешавед


Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати кишварҳоеро, ки шаҳрвандон баъди омадан аз ин давлатҳо ба карантин фаро гирифта мешаванд, нашр карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон шоми 18-уми март бо пахши изҳорот гуфт, шахсоне, ки аз

  • Чин
  • Эрон
  • Италия
  • Кореяи Ҷанубӣ
  • Афғонистон
  • Фаронса
  • Испания
  • Шветсия
  • Швейтсария
  • Бритониё
  • Норвегия
  • Нидерландия
  • Олмон
  • Белгия
  • Дания
  • Амрико

ба Тоҷикистон ворид мешаванд, 14 рӯз зери назорати пизишкон қарор мегиранд.

Ин тасмим, ба навиштаи Вазорати умури хориҷӣ, бар асоси қарори Сардухтури давлатии санитарии Тоҷикистон ва бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифта шудааст.

ВКХ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки дар ҳолати зарурат ба сафорат ва консулгариҳои кишвар дар хориҷа муроҷиат кунанд.

То ин вақт Тоҷикистон танҳо афроди бозгашта аз Чину Эрон, Италия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопонро ба карантин мефиристод.

Коронавирус, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то ҳол ҷони 7500 нафарро гирифта, беш аз 182 ҳазор нафарро гирифтор кардааст. Ин беморӣ ҳоло дар 160 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, то ҳол ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвар сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG