Вазорати умури дохилии Булғористон гуфт, ки журналисти собиқадори таҳқиқгар Слави Ангелов дар хонааш дар шаҳри София аз ҷониби афроди ниқобпӯш мавриди ҳамла қарор гирифт. Вазорат гуфт, ки сардабири ҳафтаномаи “168 соат” шоми 17 март дар хонааш латукӯб шуд ва ӯро ба беморхона интиқол доданд. Ангелов аз бистари беморӣ нақл кард, ки ду марди ниқобпӯш ӯро латукӯб мекараданд ва сеюмӣ ба телефони мобилаш ин саҳнаро сабт мекард.
Полис гуфт, ки ҳамлагарон ҳеҷ як чизи хусусӣ, аз ҷумла компютери ӯро, ки ҳамон ҷо буд, нарасиданд.
Дар вақтҳои охир Ангелов бо таҳқиқи қазияҳои додгоҳии соҳибкори муттаҳам дар нақзи муқаррароти муҳитзистӣ ва кори шабакаи сиёҳи танфурӯшон дар Юнон ва Булғористон машғул буд. Инчунин ӯ дар бораи сарватманди маҳаллӣ Васил Божков, ки аз роҳи қиморбозӣ даромад ба даст меорад, навишта ӯро дар нақзи ҷиддии молӣ айбдор кардааст. Божков ахиран барои тақаллуби андоз, талоши порадиҳӣ ва рекет ба ҳабс гирифта шуд.