Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СБҶ) ва вазорати тандурустии Тоҷикистон ба 500 табиби тоҷик дарси таъини ҳадафмандонаи муолиҷаи бемориҳо тавассути антибиотикҳоро баргузор карданд. СБҶ, ки як ниҳоди марбут ба СММ аст, рӯзи 18 март дар вебсайти худ навишт, маводи тиббии зиддимикробӣ дар Тоҷикистон хеле дастрасанд ва дар пешгириву мубориза бо амрози сироятӣ васеъ истифода мешаванд.
Хадича Бойматова, намояндаи дафтари СҶБ дар Тоҷикистон гуфтааст, “ҳоло мо намедонем, ки то куҷо афзоиши эҳтиёҷ ба ин маводи дорувор ба болоравии ниёз дар заминаи Ковид-19 рабт дорад ё на. Вале барои роҳ надодан ба афзоиши баъдӣ ҳамчун вокуниш ба хуруҷи Ковид-19, мо дарси омӯзишӣ гузаронида истифодаи муассири маводи зиддимикробиро нишон додем ва ба кормандони тиб бори дигар таъкид кардем, ки дар ҷараёни муолиҷаи сироятҳои вирусӣ аз ин дорувор парҳез кунанд”.
Бархе мунаққидон мегӯянд, ки ба фарқ аз кишварҳои хориҷӣ, антибиотикҳоро дар дорухонаҳои Тоҷикистон бидуни машварати хаттии духтур ҳам харидан мумкин аст ва гоҳо беморон аз ин роҳ ба худмуолиҷа машғул мешаванд.
Табибон мегӯянд, дар натиҷаи истеъмоли доруҳои зиддимикробии мисли антибиотикҳо, маводи дорувори зиддивирусӣ, доруҳои зидди қорч ва зидди вараҷа - бактерия, вирус, қорч ва паразитҳои организми инсон ба онҳо мутобиқ мешаванд ва дар натиҷа, доруҳои зидди ин амроз ҳангоми муолиҷа беасар мешавад. Ҳангоми сироят шудани инсон, хатари табобат нашудани он вуҷуд дорад ва ба дигарон ҳам сироят мекунад. Мутахассисони байналмилалӣ сӯиистифода аз истеъмоли антибиотикҳо ба ҳангоми муаолиҷаи беморонро манъ мекунанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки муолиҷаи коронавирус аз роҳи истеъмоли антибиотикҳо имкон надорад ва ба мардум машварат медиҳад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз олудашавӣ ба ин вирус ҳамеша дастони худро бо собун ва васоили дорои маводи спиртӣ бишӯянд.