Як шаҳрванди Эрон рӯзи 14 март дар паи истирдод аз Гурҷистон ба аёлати Техаси ИМА интиқол ёфт. Вазорати адлияи ИМА дар изҳороте рӯзи 17 март гуфт, ки Мирдод Ансории 38-сола дар чаҳорчӯби парвандаи содироти таҷҳизоти ҳассоси низомӣ аз ИМА ба Эрон истирдод шуд.
Ҷон Демерс ва мақомоти дигари амрикоӣ гуфтанд, Ансорӣ дар шаҳри Сан Антонио дар муқобили иттиҳоми марбут ба “нақшаи ба даст овардани ҷузъиёти ҳассоси низомӣ барои Эрон ва бо фирор аз эмбаргои тиҷоратӣ нисбати Эрон” қарор хоҳад гирифт.
Вазорати адлия гуфт, ки ҷузъҳои дугона барои истифода дар “силоҳҳои ҳастаӣ, раҳнамоиву такмили мушакҳо, мухобироти тактикии радиоӣ, ҷангҳои электронии таҳоҷумӣ, иқдомоти мутақобили электронии низомӣ, ҳушдори радар ва системаҳои назоратӣ” истифода мешуд.
Мақомоти тафтишотӣ аз Гурҷистон ташаккур карданд, ки Ансории гумонбарро ба ИМА истирдод карданд.
Як шарики Ансорӣ – Меҳрдод Фумания, ки ҳамчунин аз Эрон аст, соли 2012 барои нақзи муқаррароти интиқолҳо бо Эрон ва ҳам пулшӯӣ ва тақаллуб муттаҳам шуд. Нафари сеюм дар ин қазия шаҳрванди Тайван Сусан Йип аст, ки ҳанӯз соли 2012 барои сӯиқасди нақзи муқаррароти интиқолҳо бо Эрон ба ду соли ҳабс маҳкум шуд.
Гумонбарон дар он муттаҳам мешаванд, ки дар солҳои 2007 то 2011 аз ширкатҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон 105 ҳазор қисмро бо арзиши умумии 2,6 миллион доллар ба даст оваранд. Онҳо ҳеҷ як шарики худро огоҳ накардаанд, ки ин ҳама мавод ба Эрон интиқол меёбад, дар ҳоле, ки барои ин бояд муҷаввизи хоси ҳукумати ИМА-ро дошта бошанд.
Дар сурати собит шудани гуноҳҳои ин ду нафар, ба онҳо дар ИМА то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.