Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина мутахассиси бетаҷрибаи кишоварзӣ вазири иқтисод шуд


Парлумони Украина бо таъини Иҳор Петрашкои 44-сола ба мақоми вазири нави иқтисод розӣ шуд. Петрашко қаблан дар бахши кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба соҳаи бонкдорӣ ва консалтинг кор кардааст.

Дирӯз, ки охирин рӯзи кории пеш аз ба карантин рафтани Рада буд, вакилон бо раъйи оро Денис Шмиҳалро ба мақоми нахуствазири Украина интихоб карданд. Дар Украина шурӯъ аз 18 март бо сабаби хуруҷи коронавирус карантини сартосарӣ ҷорӣ шудааст. Инчунин дирӯз парлумон Ирина Венедиктоваро ба мақоми додситони кулл тасдиқ кард. Номзадии ӯро президент Владимир Зеленский пешбарӣ кард.

Ба мақоми вазири иқтисод насб шудани Петрашкои бетаҷриба дар ҳолест, ки аз оғози март ҳривня – пули миллии украиниҳо 5 % қурбашро аз даст дода Бонки марказӣ ҳафтаи гузашта 1 миллиард долларро барои мудохила дар пешгирӣ аз уфти қурби пул масраф кард. Яке аз вазифаҳои ахири Петрашко муовини раиси кулли ширкати “УкрЛендФарминг” – ширкати азими тухмбарорӣ буд, ки ба як сарватманди маҳаллӣ Олеҳ Бахматюк марбут аст. Худи Бахматюк ҳоло бо сабаби қарздориву тафтиши фаъолиятҳои соҳибкориаш дар хориҷа ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG