Воридоти ниқобҳои тиббиро ба Қирғизистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карданд. Ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад, сарвазири он кишвар Муҳаммадқулӣ Абилғозиев чунин қарореро 17-уми март имзо кардааст.
Гуфта мешавад, ин қарор бо ҳадафи таъмини сокинон бо маводи тиббӣ қабул шудааст.
Ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда дар Қирғизистон 12% ташкил медиҳад.
Ба далели боло рафтани талабот қимати ниқобҳои тиббӣ дар дорухонаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон гарон шудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 11-уми март коронавирусро вабои фарогир унвон кард.