Додгоҳи низомӣ дар шаҳри Ростови Лаби Дон Сайёдшоҳ Убайдов, шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси ду иттиҳоми ҷудогона ба шаш соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Маълум нест, ки оё Убайдов дар ҷараёни эълони ҳукм худро гунаҳкор эътироф кардааст ё на, вале соли 2018 наздиконаш дар Ҷумҳурии Адигея ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ мавриди тӯҳмат қарор гирифт.
Додрас ҳангоми эълони ҳукм гуфт, Убайдов гӯиё аз охири июли соли 2016 то октябри соли 2017 як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро барои сафар ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ташвиқ мекард.
Додрас инчунин гуфт, ки Убайдов ғайриқонунӣ ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар як хонае, ки соҳибаш худи ӯ буд, ба қайд даровард.
Дафтари матбуоти додгоҳ мегӯяд, Убайдов ҳақ дорад аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кунад.
Охири соли 2018 наздикони Сайёдшоҳ Убайдов гуфтанд, ки муфаттишон ӯро шиканҷа карданд.