Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Чин аз ИМА хостанд, таҳримҳо ба зидди Эронро бекор кунад


Эътироз алайҳи таҳримҳо зидди Эрон. Вашингтон, 11 март, 2020.
Эътироз алайҳи таҳримҳо зидди Эрон. Вашингтон, 11 март, 2020.

Пас аз Чин, Вазорати корҳои хориҷии Русия низ таҳримҳои Амрико алайҳи Эронро, "зидди башардӯстона" хонд ва хостори бекор кардани ин таҳримҳо шуд. Ҳамакнун ҳазорон нафар дар Эрон гирифтори коронавирус мебошанд ва ин кишвар дар ҳоли муқобила бо ин беморӣ қарор дорад.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 16-уми март дар баёнияе эълом кард, таҳримҳои "якҷониба ва ғайриқонунӣ", ки Амрико аз майи соли 2018 барои фишор бар Эрон ҷорӣ кард, монеи мубориза бо бемории коронавирус мебошад.

Амрико пеш аз ин борҳо таъкид карда буд, ки дору ва кумакҳои башардӯстона шомили таҳримҳо алайҳи Эрон нест. Дар пайи паҳн шудани коронавирус, Амрико илова бар таъкиди дубора бар таҳрим набудани кумакҳои башардӯстона, пешниҳоди ёрӣ ба Эрон барои мубориза бо ин бемориро матраҳ кард, аммо мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ ин пешниҳодро рад карданд.

Бо ин ҳол, дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Русия иддао шудааст, "миллионҳо шаҳрванди Эрон аз имкони хариди доруҳои зарурӣ маҳрум шудаанд". Вазорати умури хориҷии Русия бо ишора ба фарогир шудани ин беморӣ дар саросарӣ ҷаҳон гуфтааст, ҳоло "вақти ҳаллу фасли мавзӯъҳои геополитикӣ нест, ба хусус он мавзӯъҳое, ки поя ва асосе надоранд". Русия дар баёнияи худ аз Амрико хостааст, таҳримҳоро, ки "ба ҳуқуқи башар дар Эрон осеб задааст", бекор кунад.

Андаке пеш аз Русия, Вазорати умури хориҷии Чин низ рӯзи душанбе аз Амрико хост, барои кӯмак ба муборизаи Эрон бо паҳн шудани вируси корона, таҳримҳо алайҳи ин кишварро бекор кунад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин дар баёнияе гуфта буд, "идомаи таҳримҳои Амрико нақзи масоили башардӯстона аст ва тавононии СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ барои кӯмак ба Эронро таҳти таъсир қарор медиҳад".

Бемории корона то кунун дар Эрон ҷони 988 танро гирифта, беш аз 16 ҳазор тани дигарро мубтало кардааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Эронро дар баробари Чин, Италия ва Испания аз марказҳои аслии паҳншавии ин беморӣ ном бурдааст.

То ҳанӯз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Бритониё, Ҷопон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон кӯмакҳои молӣ барои муқобила бо вируси корона дар ихтиёри Эрон қарор додаанд. Ҳамчунин Ҷумҳурии исломӣ дарёфти кӯмак ва таҷҳизот тиббӣ ва доруро аз Чин ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъйид кардааст.

Эрон ҳамчунин аз Сандуқи байналмилалии пул дархости панҷ миллиард доллар қарз кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки бар Амрико фишор ворид кунанд, то таҳримҳои нафтиро бардорад то Ҷумҳурии исломӣ битавонад манбаъҳои мавриди ниёз барои мубориза бо вируси коронаро аз тариқи даромадҳои нафтӣ ба даст орад.

Амрико дар моҳи майи соли 2018 Эронро ба нақзи созишномаи ҳастаӣ муттаҳам кард ва аз ин тавофуқ берун шуд. Пас аз он таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон бозгашт ва Вашингтон эълом кард барои тағйири рафтори Ҷумҳурии исломӣ "фишорҳои бештар"-ро дар пеш гирифтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG