Муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова дар як нишасти хабарӣ гуфт, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар муваққатан манъ мешавад.
Ба гуфтаи Олтиной Омурбекова, ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз паҳни коронавирус гирифта мешавад ва қарори ҳукумати Қирғизистон низ дар ин бора содир хоҳад шуд. "Албатта, ин кор расмиёти худро дорад, ки вазорати умури хориҷӣ дертар шарҳ хоҳад дод. Ба назари мо, ин гуна чораҳои пешгирикунанда дуруст аст",-афзуд ӯ.
Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба муҳлати 1 моҳ ба Қирғизистон манъ шуда, ин қарор ба мошинҳои боркаш дахле надорад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, то ҳол дар ин кишвар касе ба коронавирус мубтало нашудааст. Дар Қазоқистон аллакай шумораи гирифторон ба 27 ва дар Узбекистон ба 10 нафар расидааст.
Бино ба маълумоти ахир, феълан дар саросари дунё беш аз 182 ҳазор одам ба он гирифтор шуда, шумори қурбониён аз 7 ҳазор гузаштааст. Ҳудуди 80 ҳазор одам сиҳат шудаанд.