Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Зеленский аз олигархҳо барои кӯмак дар муқобила бо коронавирус


Коломойский, Зеленский ва Ахметов
Коломойский, Зеленский ва Ахметов

Президенти Украина Владимир Зеленский аз сарватмандтарин соҳибкорони Украина хост, ки барои муқобила бо паҳншавии коронавирус дар саросари кишвар маблағ ва дастгоҳҳои зарурӣ хайр кунанд. Мулоқоти Зеленский бо сарватмандтарин соҳибкорони Украина рӯзи 16 март дар Киев дар дафтари президентӣ барпо шуд. Дар Украина панҷ ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Президент ба олигархҳои кишвараш гуфт, ки Украина ба 500 мошини ёрии таъҷилӣ ё амбуланс ва 13 миллиард ҳривня (муодили 490 миллион доллар маблағ) барои хариди маводи дорувор ниёз дорад. Ӯ дар ин мулоқот гуфт, ки соҳаи тиҷорат “бояд дар шароити сахтиҳо дар Украина масъулияти иҷтимоӣ нишон диҳад. Украиниҳо бояд замони ба беморхона рафтанашон худро амн эҳсос кунанд. Ман пойфишорӣ мекунам, ки шумо кӯмак кунед”, гуфт Зеленский. Украина яке аз кишварҳои нодор дар Аврупо буда, низоми беҳдошташ ҳам фарсудаву нодор аст. Дар мулоқот бо Зеленский маъруфтарин сарватмандон – Ринат Ахметов ва Иҳор Коломойский иштирок карданд. Коломойский бо худи Зеленский иртибот мегираду аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун нафари пуштибони ӯ дар интихобот арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG