Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ҳангомасозон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд


Вазорати тандурустии Узбекистон 16-уми март эълом кард, ки дар ин кишвар ду ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор шуда, ҷамъан шумори мубталоён ба 10 нафар расидааст.

Ба вируси нав наздикони ду узбекистоние мубтало шудаанд, ки аз шаҳрҳои Лондон ва Порис ба ватан баргашта буданд. Коронавирус дар як шаҳрванди дигари узбекистон низ ошкор шуд, ки рӯзи якшанбе аз Истамбул ба Тошканд баргашт.

Расонаҳои Узбекистон пештар хабар доданд, ки 10 хеши бемори нахустин ва 24 мусофиреро ба карантин гирифтанд, ки ҳамроҳи ӯ тавассути ҳавопаймо аз Порис ба ватан баргашта буданд.

Ҳамчунин 17 март вируси нав дар ду шаҳрванди дигари Узбекистон низ ошкор шудааст, ки аз хориҷ баргашта буданд.

Вазорати адлияи Узбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, "барои таҳия, нигаҳдорӣ ва паҳни маълумот миёни сокинон бо мақсади барпо кардани ҳангома ҷарима дар ҳаҷми аз 44 миллиону 600 ҳазор сӯм то 89 миллиону 200 ҳазор сӯм (аз 4,6 ҳазор доллар то 9,3 ҳазор доллар), корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 3 сол ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муддати то 3 сол муайян кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, дар ҳоли ҳозир 5661 нафар дар ин кишвар дар карантини хонагӣ қарор доранд. Ҳамчунин 641 каси дигар, ки бо мубталоёни коронавирус тамос доштанд, дар осоишгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG