Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар раддабандии бошгоҳии AFC 20 зина боло шуд


Бозии "Истиқлол"-и Душанбе бо "Ал-Аҳлӣ".
Бозии "Истиқлол"-и Душанбе бо "Ал-Аҳлӣ".

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, дар раддабандии бошгоҳии Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) 20 зина боло рафт. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» иттилоъ додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, “Истиқлол”, финалисти дукаратаи Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё, баъди ду бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC («Локомотив»- Тошканд -1:0 ва «Ал-Аҳлӣ», Арабистони Саудӣ - 0:1) ва пирӯзӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC бар «Хуҷанд» (2:0) бо 34,56 имтиёз дар феҳристи бошгоҳии Конфедератсиони футболи Осиё ҷойи 34-умро касб намудааст.

Ҳамагӣ 170 бошгоҳи Осиё ба ин феҳрист дохил шудааст. Мавқеи рақибони «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 чунин аст: 51. «Алтин Асир» (Туркманистон) - 29,27 имтиёз, 93. «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 13,04 имтиёз, 110. «Дордой» (Қирғизистон) - 9,39 имтиёз.

Дар байни бошгоҳҳои Осиёи Марказӣ «Локомотив»-и Тошканд мавқеи аз ҳама баланд дорад – ҷойи 27-ум, 39,02 имтиёз. Панҷ бошгоҳи беҳтарини Осиё инҳоянд: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ, ҷойи 1-ум, 107,00 имтиёз), «Касима Антлерс» (Ҷопон, ҷойи 2-юм, 102,50 имтиёз), «Шанхай СИПГ» (Чин, ҷойи 3-юм, 100,66 имтиёз), «Ал-Дуҳайл» (Қатар, ҷойи 4-ум, 93,76 имтиёз), «Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ, ҷойи 5-ум, 91 имтиёз).

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» дар раддабандии бошгоҳии Конфедератсиони футболи Осиё, ки моҳи ноябри соли гузашта нашр шуда буд, бо 29,77 имтиёз дар зинаи 54-ум қарор дошт.

Ёдовар мешавем, бозии ду бошгоҳи футболи Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2020, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар доир гардид, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.

“Истиқлол” бо се имтиёз дар гурӯҳи “D” мақоми аввалро касб намудааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

1

0

0

2-0

3

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

0

0

0

0

0-0

0

3

«Дордой» (Қирғизистон)

0

0

0

0

0-0

0

4

«Хуҷанд» (Тоҷикистон)

1

0

0

1

0-2

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

15 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 3-юм

29 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 4-ум

13 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 5-ум

27 май (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

17 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG