Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси 11 корманди гумруки Қазоқистон бо ҷурми фасодкорӣ


Додгоҳи Чимкент. 16-уми март, 2020.
Додгоҳи Чимкент. 16-уми март, 2020.

Додгоҳи Чимкенти Қазоқистон 16-уми март ҳукми 11 корманди пешини гузаргоҳҳои гумрукии "Қазигурт", "Капланбек", "Истгоҳи Сариагаш", чанд мансабдор ва сокини маҳаллиеро содир кард, ки дар фасодкорӣ айбдор мешуданд.

Аз ҷумла, муовини сардори департаменти даромадҳои давлатии вилояти Туркистони Қазоқистон Нурлан Тенлибоев ва сардори гузаргоҳи гумрукии "Капланбек" Еркин Байсапаров барои гирифтани пора дар ҳаҷми калон 10-солӣ, сардори гузаргоҳи гумрукии "Истгоҳи Сариагаш" Алмос Жумабоев ва 5 корманди пешини гумруки ин кишвар барои миёнаравӣ дар ришвагирӣ аз 1 то 4-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Чаҳор корманди маҳкумшуда гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Собиқ корманди "Истгоҳи Сариагаш" Искараев ба иллати исбот нашудани даст доштанаш дар порагирӣ аз толори додгоҳ озод шуд.

Бар пояи маводи додгоҳ, маҳкумшудаҳо, ки аз моҳи июни соли 2018 дар ҳабс буданд, аз соҳибкорон ҳудуди 20 миллион танга пора гирифтаанд. Ҷамъан дар доираи парвандаи фасодкорӣ 16 кас дастгир шуда буд.

Ду гумонбари дигари парванда, ки соли 2018 ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд, то ҳол пайдо нашудаанд.

XS
SM
MD
LG