Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон кинотеатр ва клубҳои шабонаро муваққатан баст


Ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон зери раёсати муовини сарвазир Қубатбек Боронов.
Ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон зери раёсати муовини сарвазир Қубатбек Боронов.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифт, ба далели пешгирӣ аз паҳни коронавирус кинотеатр, клубҳои шабона, нуқтаҳои бозии компютерӣ, маконҳои ғизохӯрӣ ва бозиҳои кӯдакона дар марказҳои фароғатӣ-тиҷории ин кишвар баста шаванд.

Дар қарори Девони вазирони Қирғизистон аз шаҳрвандон, корхонаҳо ва коргароне, ки дар бахши тиҷорат, хидматрасонӣ ва ғизои умумӣ фаъолият мекунанд, даъват шудааст, то поёни ин маҳдудияти муваққатӣ аз баргузорӣ ва иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин тавсия шудааст, ки дар бинову толорҳои худ дастгоҳҳои ҳавокаш насб карда, кормандон ва муштариёнашонро бо маводи зиддисироятӣ таъмин созанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон расман эълом кардааст, ки то 16-уми марти соли равон дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва феълан 341 нафар дар карантинанд.

Дар ҳоли ҳозир, вируси нав ба 143 кишвари дунё роҳ ёфта, беш аз 160 ҳазор одам ба он гирифтор шудаанд.

XS
SM
MD
LG