Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни асосии Русия тағйири "мондани Путин"-ро тасдиқ кард


Президенти Русия Владимир Путин
Президенти Русия Владимир Путин

Додгоҳ ё суди конститутсионии Русия тағйири Қонуни асосиро тасдиқ кард, ки ширкати Владимир Путинро дар интихоботи соли 2024 имконпазир мегардонад. Ин пешниҳоди порлумони Русия аст, ки худи президент Путин низ аз он ҳимоят намуд, аммо шарт гузошт, ки суди коститутсионӣ онро тасдиқ намояд. Тағйири қонуни асосӣ имкон медиҳад, ки Путин бо вуҷуди ба поён расидани ҳамаи муҳлатҳои қонунии раёсаташ, пас аз 2024 боз 16 соли дигар дар сари ҳокимият боқӣ монад.

Эълони додгоҳ 16 март се рӯз пас аз тасдиқи ин тағйири баҳсбарангез аз тарафи ҳамаи минтақаҳои Русия садо дод. Муҳлати кунунии Путин, мӯҳлати дуввуми шашсолаи ӯст, ки бояд соли 2024 ба итмом расад. Қоидаҳои пешина ӯро аз такроран номзад шуданаш дар интихоботи президентӣ маҳрум мекарданд ва тағйири Қонуни асосӣ ин маҳдудиятро аз байн мебарад.

Дар паи қабули тағйироти нав дар бархе манотиқи Русия намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Беш аз 120 фаъоли ҳуқуқ, сиёсатмадорону ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи қонуни конститутсионӣ дар номае ба Шӯрои Аврупо хостанд, ки ин ниҳод хулосаҳои худро дар бораи қонуни нав бигӯяд ва ин қонунро хилоф бо меъёрҳои ҳуқуқӣ номиданд. Бархе фаъолони мухолифин аз мардуми Русия даъват карданд, ки дар раъйгирии рӯзи 22 апрел тағйирот ба конститутсияро рад кунанд.

XS
SM
MD
LG