Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вируси нав кумак карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар қатори 20 кишваре ҳаст, ки то кунун мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус дар қаламравашон ошкор нашудааст. Аммо мақомот мегӯянд, бо дарёфти кумакҳои тиббӣ аз кишвару созмонҳои хориҷӣ маводи зарурии пизишкиро барои муқобила бо ин вирус захира мекунанд.

Лучиано Калестинӣ, раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Душанбе, 16-уми март ҳангоми тақдими маводи тиббӣ гуфт, "бояд талош кард, то кишварҳое ба монанди Тоҷикистон, ки ҳанӯз гирифторони ин маризӣ ошкор нашудааст, ҳамин тавр сироятнашуда монанд".

"Феълан ҷаҳон дар оғози хуруҷи коронавирус ҳам қарор надошта бошад, дар интиҳои он ҳам нест. Мо мубориза бо ин маризиро кам намекунем", - афзуд ӯ.

Кумаки маводи тиббии Бунёди кӯдакони Созмони Милал ба Тоҷикистон аз хилъату либосҳои махсуси якдафъаинаи тиббӣ, дастпӯшу пойпӯшҳои обнагузар ва дигар маводи беҳдоштӣ (ба маблағи 50 ҳазор доллар) иборат буд.

Ин кумакро ҳукумати Швейтсария сармоягузорӣ кардааст.

Коронавирус, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд, то кунун дар даҳҳо кишвар беш аз 160 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги беш 6 ҳазор кас шудааст. Мақомоти Тоҷикистон расман мегӯянд, то кунун ҳеч мавриди мубтало шудани сокинон ба ин вирусро сабт накардаанд.

Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март гуфт, тамоми чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирусро андешидаанд ва ҳоли ҳозир зарурати бастани мактабу боғчаҳои кӯдакона пеш наомадааст. Вай ҳамчунин гуфт, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин вирус дар Тоҷикистон "баста шудани марзи кишварҳоест, ки дар онҷо нишонаҳои ин вирус ошкор шудааст".

Узбекистон, ҳамсояи девор ба девори Тоҷикистон, рӯзи 15-уми март эълон кард, ки дар қаламрави он вируси навро сабт кардаанд. Дар Қазоқистон нӯҳ мавриди гирифтории сокинон, аз ҷумла духтари дувоздаҳсола, ба ин вирус тасдиқ шудааст.

Бар асоси омори расмӣ, аз моҳи феврал то 14-уми март дар Тоҷикистон беш аз 1600 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд. Беш аз 300 нафари онҳо ҳанӯз зери назаорти пизишкон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG