Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 миллиард доллар ёрии Русия ба иқтисоди ин кишвар


Михаил Мишустин, сарвазири Русия
Михаил Мишустин, сарвазири Русия

Русия, ки якбора зери зарбаи сахти поин рафтани қимати нафт ва сирояти коронавирус қарор гирифтааст, барои кумак ба иқтисоди ин кишвар чаҳор миллиард доллар ҷудо кард.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин рӯзи 16-уми март гуфт, дар доираи ин иқдомот ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҷаҳонгардӣ имтиёзҳои андозӣ медиҳанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои давлатии "Газпром" ва "Роснефт" ҳақ доранд, андоз аз фоида ё даромадҳоро ним сол дертар супоранд.

Дар буҷаи федеролии Русия барои соли 2020 дарёфти 7,4 миллиард доллар дивиденд ё андоз аз фоидаи ширкатҳои давлатӣ дар назар гирифта шудааст. Ширкатҳо ин навъи андозро маъмулан дар миёнаи сол месупоранд.

Иқтисоди Русия аз нархи нафт сахт вобаста аст. Нархи нафт рӯзи 9-уми март якбора поин рафт.

Дар буҷаи имсолаи Русия нархи як бушка нафтро чиҳил доллар ҳисоб кардаанд, ҳоло қимати он ба сӣ доллар баробар аст.

XS
SM
MD
LG