Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 6000 нафар бар асари коронавирус дар ҷаҳон. Чораҳои сахт дар Аврупо


Шаҳри Барселона, Испания, 14 март, 2020.
Шаҳри Барселона, Испания, 14 март, 2020.

Дар ҳоле ки шумораи гирифторон ба бемории корона дар ҷаҳон ба беш аз 162 ҳазор тан расидааст, кишварҳои аврупоӣ иқдомоти пешгирикунандаро барои мубориза бо ин вируси кушанда шиддат бахшидаанд. Бар асари ин беморӣ то кунун дар ҷаҳон беш аз 6 ҳазор кас ҷон бохтаанд.

Паҳншавии босуръати ин беморӣ дар ҳоли ҳозир ба таҳдиде ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳам мубаддал шудааст.

Дар Аврупо, ки ахиран аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ нуқтаи марказии ин бемории ҳамагир, ки аз Чин сарчашма гирифт, хонда шуд, чандин кишвар маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар гаштугузор ва сафарҳо ҷорӣ карданд, то ҷилави густариши коронаро бигиранд.

Баъд аз онки шумораи гирифторони коронавирус дар рӯзи душанбе дар Испания 2 ҳазор нафар эълон шуд, ин кишвар дар назар дорад, имрӯз 16-уми март дар сартосари кишвар маҳдудиятҳои шадид эълон кунад. Дар ҳоли ҳозир дар Испания 8 ҳазор кас ба ин беморӣ мубтало ҳастанд.

Дар Аврупо баъд аз Италия, аз ҳама бештар гирифторӣ бо коронавирус дар Испания сабт шудааст. Шумораи қурбониён дар Италия беш аз 1800 нафар мебошад.

XS
SM
MD
LG