Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба тамоми вазорату идора ва муассисаҳои давлатӣ тавсия шудааст, ки назди биноҳои худ ба ҷойи арча, намо ё муҷассамаи суманакро гузоранд.
Имсол дар кишвар тасвири 7 табақи рӯйи ҳам гузошташудаи суманак, чун рамзи Наврӯз қабул шудааст ва яке аз намунаҳои бузургтарини он дар майдони Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз 19 то 25-уми март дар назди тамоми ниҳодҳои давлатӣ, биноҳои истиқоматӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар "тасвири арчамонанди суманак" гузошта шавад. Ин рамз аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Рамзи Наврӯзи имсола, ки шабеҳ ба дарахти арча аст, аз ҳафт табақ иборат буда, ба гуфтаи мақомот ва муаллифон, ммазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст ва дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногуну дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ гузошта шудааст.
Намои бузурги Суманак, бо баландии 30-метр, ки дар маркази пойтахт, паҳлӯи муҷассамаи Исмоил Сомонӣ гузошта шудааст, имсол таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кардаву як мавзӯи суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам шудааст. Ин тасвир дақиқан ҷойи арчаи соли навии мақомоти шаҳр қомат афрӯхтааст. Аммо зоҳиран гирду атрофи он ба монанди он арча пуродам нест.
Имсол мақомот ба сокинон тавсия доданд, ки ҷашнро дар ҳалқаи хонавода ва дур аз таҷаммӯи зиёди одамон ҷашн гиранд, то аз хатари сирояти коронавирус эмин бошанд.