Нисбати Азамат Акбаров, муовини пешини раиси Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии "Роҳи абрешим"-и Самарқанди Узбекистон барои дипломи қалбакии "доктори илмҳои фалсафа" парванда боз кардаанд.
Вай дар "Таҳия, тақаллуби аснод, муҳр, бланка, истифода ва ё фурӯши он" айбдор мешавад.
Дар сурати исботи айб, Акбаров ҷарима ва ё то ду сол ба корҳои ислоҳӣ вазифадор ва ё аз шаш моҳ то ду сол зиндонӣ хоҳад шуд.
Азамат Акбарови 43-сола 7 январи соли ҷорӣ бо айби доштани дипломи қалбакӣ аз мақом барканор шуд.
Ташхис нишон додааст, дипломи доктори илмҳои фалсафаи вай, ки гӯё аз хориҷ дарёфт кардааст, тақаллубист.