Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба Комиссияи интихоботии Қирғизистон $4 млн медиҳад


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон.
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон.

Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон дар равандҳои раъйдиҳӣ 4 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Дар ин бора Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон иттилоъ дод.

Раиси Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон Акин Мамбеталиев дар маросими имзои созишномаи ҷудо кардани 8 миллион доллар барои иҷрои ду тарҳ дар кишвараш иштирок кардааст.

Ба огаҳии хадамот, ҳукумати Ҷопон барои "рушду шаффоф ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шудани равандҳои интихоботӣ" ба Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон 4 млн доллар медиҳад.

Вале хадамот ҷузъиёти тарҳи дувумро ифшо накардааст.

XS
SM
MD
LG