Додгоҳе дар Маскав собиқ муовини раиси Хадамоти Федеролии Зиндонҳоро бо гуноҳи аз худ кардани пули давлат ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Матбуоти Русия рӯзи 11 март хабар дод, ки Олег Коршунов, як масъули хадамоти қарордодӣ барои аз худ кардани маблағҳои барои шакар ва сӯзишворӣ ҷудошуда гунаҳгор дониста шуд. Ӯ соли 2017, тибқи хабарҳо, дар як яхт-клуби Маскав боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Ӯ қаблан инчунин бар асоси се иттиҳоми дигар дар азхудкунии 260 миллион рубли марбут ба як корхонаи истеҳсоли пойафзол гунаҳгор ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ду иттиҳоми дигари Коршунов ба сӯиистифода аз мақом ҳангоми сохтмони боздоштгоҳе дар Қрим ва ришваситонӣ рабт мегирад. Коршунов дар додгоҳ гуфт, ки худро бегуноҳ меҳисобад.