Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи як иштирокчии ҳамоиши 8 март дар шаҳри Алмато


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон шоми 11 март як иштирокчии ҳамоиши ҳимоят аз ҳуқуқи занонро ҷарима кард. Ҳамоиши мазкур 8 март баргузор шуда буд.

Расонаҳо аз иштирокчии ҷаримашуда Фирӯза Оспан ном мебаранд. Додгоҳ ӯро бо айби "майдаавбошӣ" 13 ҳазор танга ҷарима кардааст. Иштирокчии дигари ҳамоиш - Арина Осиновская аз сӯи додгоҳ 66 ҳазор танга ҷарима шуд. Додгоҳ ӯро дар "авбошӣ" айбдор кард.

Ҳамоиши 8 мартро дар шаҳри Алмато чанд гуруҳи феминистҳо ё ҳомиёни ҳуқуқи зан баргузор карданд. Дар он ҳамоиш ҳудуди 200 кас ширкат кард.

Ширкатдорон хотираи занонеро гиромӣ доштанд, ки дар пайи хушунатҳои хонаводагӣ кушта шудаанд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, касоне, ки бо айбҳои хушунати ҷинсӣ зиндонӣ шудаанд, пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо нашаванд.

Ташкилкунандаҳои ҳамоиш онро бидуни иҷозаи мақомот баргузор карданд.

XS
SM
MD
LG