Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарвӣ Вайнштейн ба иттиҳоми озори ҷинсӣ 23 сол зиндонӣ шуд


Ҳарвӣ Вайнштейн.
Ҳарвӣ Вайнштейн.

Додгоҳе дар шаҳри Ню-Йорки Амрико коргардони пешини Ҳоливуд Ҳарвӣ Вайнштейнро 23 сол аз озодӣ маҳрум кард. Пештар ҳайати мунсифа Ҳарвӣ Вайнштейнро ба ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла озори ҷинсӣ ва таҷовуз айбдор донист. Коргардони пешини Ҳоливуд дар озору азияти ҷинсии ду зани ҳунарманде айбдор дониста шуд, ки ному насабашон ифшо намешавад.

Вакилони дифои Вайнштейн аз додгоҳ сабуктарин ҳукмро барои шахси зери ҳимояи худ дархост карда буданд. Онҳо гуфтанд, бо назардошти вазъи бади саломатии коргардон ҳатто 5 соли зиндон барои ӯ баробар ба ҳабси якумрӣ аст. Вале айбдоркунандаи давлатӣ талаб кард, ки ба Вайнштейн сангинтарин ҷазо дода шавад.

Бештари ҳунармандони Ҳоливуд моҳи октябри соли 2017 Вайнштейнро ба озори ҷинсӣ айбдор карданд. Дар натиҷа Вайнштейн аз шӯрои мудирони ширкат ва аз ҳайати Академияи синамои Амрико ихроҷ шуд.

Ҷамъан 80 зан коргардони пешини Ҳоливудро ба ҳолатҳои озори ҷинсие айбдор кардаанд, ки гӯё даҳ сол пеш рух додаанд. Дар миёни онҳо Гвинет Пэлтроу, Ума Турман ва Салма Гаек низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG