Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи давлатии Русия тағйирот ба Конститутсияро қабул кард


Думаи давлатии Русия, 11 март, 2020.
Думаи давлатии Русия, 11 март, 2020.

Думаи давлатии Русия дар қироати севум ва ниҳоӣ тағйирот ба Конститутсияро қабул кард. Ба ҷонибдорӣ аз тағйирот 383 вакил раъй дод ва 43 тани дигар худдорӣ варзид.

Ин тағйирот маҳдудияти мансабдорони баландпоя, густариши салоҳиятҳои порлумон, кафолатҳои иҷтимоӣ ва авлавияти қонунҳои миллиро ба созишномаҳои байналхалқӣ мадди назар дорад. Дар матни тағйироти Конститутсияи Русия номи Худо низ зикр шудааст. Тағйирот инчунин тақсими ҳудуди кишвар ва даъват ба онро низ манъ мекунад.

Ҳамчунин пешниҳоди вакили Думаи давлатӣ Валинтина Терешкова дар бораи ба сифр баробар кардани муҳлати президентии Владмир Путин қабул шуд. Ин тағйирот ба Владимир Путин имкон медиҳад, ки барои давраи нави президентӣ дар соли 2024 низ номзад шавад.

Давраи президентии Путини 67-сола дар соли 2024 ба охир мерасад ва бино бар Қонуни асосии Русия вай дигар ҳақ дошта наметавонист, номзади раёсатҷумҳурӣ шавад. Вале тағйире, ки ба ин қонун ворид карда шуд, акнун барояш имкон хоҳад дод, аз соли 2024 сар карда боз ду давраи дигар президенти Русия бошад.

Рӯзи 10 -уми март Путин бо як ишора ба ҳамаи ин пурсишҳо посух дод: вай ба ҳеч куҷо намеравад. Акнун давраи 5-уми президентии ӯ дар соли 2024 ҳамчун давраи якум ва шашумаш дар соли 2030 ҳамчун давраи дувуми пайдарпай шумурда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG