Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар вебсайти расмии худ изҳорот дар бораи мавқуф гузоштани бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ-2022 дар қораи Осиёро нашр кард.
Дар изҳорот гуфта шудааст, FIFA дар машварат бо Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) тасмим гирифт, ки бозиҳо дар ду равзана - 23-31 март ва 1-9 июни соли 2020 мавқуф гузошта шаванд. Беш аз 50 бозии мусобиқот ба таъхир афтод.
FIFA инчунин ба дастаҳои миллӣ иҷозат дод, ки бо риояи талаботи мукаммали амният ва пас аз тасдиқи пешакӣ аз ҷониби FIFA ва AFC, дар ин санаҳо мустақилона бозӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.
Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷойи севумро касб намудаанд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” имсол баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон мебоист 26-уми март дар Душанбе бо мунтахаби Муғулистон, 4-уми июн дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва 9-уми июн дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекард.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Озоди, не тяните сову на глобус! Фаромуш накунед ки элитаи сиесии Точикистон дар асри 18 зиндаги дорад. Их менталитет - это нечто между рабовладельческим и феодальным. Кадом одами боакл худро ба куштан медиа.
Э руи созмонхоам сиях, главни то Точикистона меоян мерасан ташкилира мезанан мераван ай паси зиндагии хдшон, ба хамин тамом
Кулоби мебуд, мемондаш, ин корхо барои одамони сорти 2 дувуми дигар вилоятхо. инхо хеч сер намешаванд, на аз пули нохак, на аз хун.
Зинда бод Пешвои Миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!!!! Маҳз бо иқдомҳои сулҳпарварона ва ҷасуронаи Пешвои Миллат ин унсурҳои ба миллати тоҷик бегона ва душман, ифротгароёни исломӣ ва террористон то нафари охирин несту нобуд хоҳанд шуд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!