Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амволи гаронбаҳои набераи Назарбоев дар Лондон "ҳабс" шуд


Нуралӣ Алиев.
Нуралӣ Алиев.

Як манзили гаронбаҳои мутааллиқ ба Нуралӣ Алиев, набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Лондони Бритониё ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба иттилои расонаҳои Бритониё, Лондон ба "дороиҳои аз манбаъҳои номаълум бадастовардаи этилаи сиёсии Қазоқистон" таваҷҷуҳ кардааст.

Расонаҳо манзили набераи Назарбоевро бинои дорои сатҳи олии муҳофизат тасвир карданд. Ин манзил дар яке аз маъруфтарин кӯчаҳои Лондон ҷойгир аст. Ин бино ҳавз ва толори синамо низ дорад.

Ба навиштаи расонаҳо, соҳиби манзил ширкатҳои офшорӣ ҳастанд, аммо дар он Нуралӣ Алиев - писари Дариға Назарбоев, духтари Нурсултон Назарбоев истиқомат мекунад.

Оҷонси миллии Бритониён дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзили мазкурро дар доираи пажуҳиши махсус ба ҳабс гирифтааст. Ин маънои онро дорад, ки то анҷоми баррасии додгоҳӣ манзил фурӯхта ва ё ба каси дигаре тақдим карда намешавад. Мақомоти Бритониё таҳқиқ нисбати манзили набераи Назарбоевро дар доираи парвандаи мубориза бо дороиҳои "номашруъ" шуруъ кардаанд.

Оҷонси мубориза бо ҷиноятҳо аз соҳибони манзил талаб дорад, бо кадом маблағ харидани онро ошкор кунанд. Агар мақомот шарҳи моликонро қонеъкунанда арзёбӣ накунад, дар он сурат тафтишот метавонад, аз додгоҳ дархости мусодираи амволро намоянд.

Қасри гаронбаҳо дар кӯчаи маъруфи Лондон - ягона дороии Нуралӣ Алиев дар Бритониё нест. Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Бритониё ду амволи дигари ӯро ба ҳабс гирифтаанд, ки арзиши умумиашон то 104 миллион доллар мерасад.

Нуралӣ Алиев - набераи Нурсултон Назарбоев ва писари калонии Дариға Назарбоева аст. Дариға Назарбоева аз издивоҷ бо Роҳат Алиев се фарзанд - ду писар ва як духтар таваллуд кардааст.

Нуралӣ Алиев аз соли 2014 то 2016 муовини раиси пойтахти Қазоқистон буд.

Падари Нуралӣ - Роҳат Алиев, сафири Қазоқистон дар Австрия, соли 2015 дар зиндони Австрия, ба гуфтаи тафтишот, худкушӣ кардааст. Чанд сол пеш аз маргаш вай ба мухолифи давлати Қазоқистон табдил шуд ва никоҳаш бо Дариғаро бекор кард.

XS
SM
MD
LG