Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи гуруснашинии 200 маҳбуси якумрӣ дар Қирғизистон


Яке аз зиндонҳои Қирғизистон.
Яке аз зиндонҳои Қирғизистон.

Дусад маҳбуси якумрӣ дар зиндонҳои Қирғизистон бо навиштани як нома аз азми гуруснашинии худ хабар доданд. Дар ин бора аз Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои ин хадамот, маҳбусони маҳбасхонаҳои №1, 16, 19, 25 рӯзи 9 март эъломи гуруснашинӣ карданд. Зиндониён иҷрои меъёрҳои нави қонунҳои кишвар дар бораи бозбинии ҳукмҳои пештар содиршударо талаб доранд.

Хадамоти иҷрои ҷазо гуфт, дар соли 2019 раёсати муассисаҳои ислоҳӣ парвандаҳои маҳбусони якумриро ба додгоҳҳо ирсол карда буданд, аммо додгоҳҳо дархостҳои маҳбусонро рад карданд. Хадамот мегӯяд, бар асоси ислоҳоти кодексҳои Қирғизистон, парвандаи маҳбусони якумрӣ бозбинӣ намешавад.

"Ба ҳамин далел, талаби маҳбусони якумрӣ беасос аст. Дар ҳоли ҳозир масъулон ва табибон бо маҳбусон гуфтугӯ доранд",-хабар доданд аз Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон.

Ба иттилои ин ниҳод, дар маҳбасҳои Қирғизистон 347 маҳбуси якумрӣ адои ҷазо мекунад.

XS
SM
MD
LG