Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз нақшаи давлатии гандум пурра даст мекашад


Гандумзор дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Гандумзор дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили соли 2020 тадриҷан аз таҷрибаи истеҳсоли гандум дар асоси фармоиши давлатӣ даст мекашад.

Расонаҳои расмии Узбекистон 9-уми март фармони президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёевро "Дар бораи роҳандозии густардаи усули бозаргонӣ дар истеҳсолот, харид ва коркарди гандум" нашр карданд.

Бар асоси фармони Мирзиёев, фармоиши давлатӣ дар бораи ҷамъоварии ҳосили гандум соли 2020 тадриҷан бекор шуда, ҳукумат дар соли 2021 аз таҷрибаи муайян кардани нархи гандуму хариди давлатӣ даст мекашад ва ба кишоварзон иҷозат дода мешавад, ки маҳсулоти худро бо нархи озод ба дигарон фурӯшанд.

Ин фармон ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки барои кишткунандагон ва коркардкунандагони гандум муҳлат ва ҳаҷми қарз муайян карда шавад.

Шавкат Мирзиёев 6-уми марти соли равон фармони дигареро низ дар бораи роҳандозии усули бозаргонӣ дар бахши кишту коркарди пахта ба имзо расонд, ки бар асоси он, тадриҷан аз фармоиши давлатӣ дар мавриди ҳосили пахта даст кашида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG