Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии мубориза ба зидди хушунати занон дар Бишкек


Гирдиҳамоии рӯзи 10-уми март дар Бишкек
Гирдиҳамоии рӯзи 10-уми март дар Бишкек

Рӯзи 10-уми март дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоии мубориза ба зидди хушунати занон баргузор шуд. Иштирокдорон аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки ​сардори раёсати корҳои дохилии ноҳияи Свердлови Бишкек ба хотири беамалӣ нисбат ба иғвогарон ва боздошти ғайриқонунии занон дар ҳамоиши рӯзи 8-уми март ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Инчунин, онҳо талаб карданд:

  • тафтиши мустақили поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳамоиши 8-уми март;
  • таъмини озодии ҳамоишҳои осоишта дар доираи Конститутсияи Қирғизистон;
  • ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани афроде, ки дар ҳамоиши 8-уми март занонро латту кӯб карданд;
  • пайдо ва муҷозоти фармоишгарон ҳамла ба занон дар ҳамоиши 8-уми март;
  • баҳои ҳуқуқӣ додан ба рафтори кормандони ВКД;
  • вазифадор кардани телевизионҳои давлатӣ барои қатъи таблиғи таҳаммулнопазирӣ нисбат ба дигарандешон ва фароҳам овардани майдон барои ибрози гуногунандешӣ.

Роза Отунбоева, президенти пешини Қирғизистон низ дар ҳамоиши рӯзи 10-уми март ширкат кард.

"Вазири корҳои дохилӣ бояд ба истеъфо равад. Ҳамаи расонаҳои дунё ҳодисаи 8-уми мартро инъикос карданд. Мо даҳсолаҳо талош кардем, ки кишварро демократӣ муаррифӣ кунем. Ва дар як рӯз ҳамаи он талошҳо барбод рафт. Нуфузи кишвар муҳим аст. Мо танҳо як дастовард дорем - демократия. Ва мо иҷоза намедиҳем, ки онро поймол кунанд. Ин хашмовар аст", - гуфт Отунбоева.

Вай ҳамзамон илова кард, ки зидди хушунати занону кӯдакон дар саросари дунё мубориза мебаранд ва Қирғизистон набояд дар канор монад.

Ҳамоиши 10-уми март баъди он роҳандозӣ шуд, ки ҳамоиши рӯзи 8-уми мартро афроди ниқобпӯш халолдор карданд. Пеш аз шуруи ҳамоиши 8 март афроди номаълум ба занон ҳамла бурданд ва пулис ташкилкунандагони ҳамоишро боздошт ва ҷарима кард. Мақомот гуфтанд, ҳамоиш бо кормандони пулис ва шаҳрдорӣ ҳамоҳанг нашуда буд.

XS
SM
MD
LG