Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистону Узбекистон чорабиниҳои оммавиро манъ карданд


Мусобиқаи варзишӣ дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.
Мусобиқаи варзишӣ дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.

Дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳни коронавирус як қатор чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз дар ин кишвар манъ карда шуд, ки қарор буд, 21-уми март баргузор шавад.

Пештар ҳукумати Қирғизистон сокинони ин кишварро даъват карда буд, ки аз ташкили чорабинҳои оммавӣ ва рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд. Дертар дарҳои Театри опера ва балету Филармонияи миллии Қирғизистон муваққатан баста шуданд.

Дар ҳамин ҳол, як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва варзишие, ки қарор буд, дар Узбекистон баргузор шаванд, бекор карда шуданд. Ба гуфтаи Вазорати варзиш ва тарбияи ҷисмонии Узбекистон, ҳадафи манъи онҳо пешгирӣ аз паҳни коронавирус аст.

Ҳамчунин аъзои дастаи мунтахаби Узбекистон танҳо бо иҷозати ин ниҳод ҳақ доранд, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.

Дар саросари ҷаҳон то шоми 9 март 114 ҳазор одам ба коронавирус мубтало шуда, аз ин миён 4004 кас ҷон бохта, 62 834 нафари дигар шифо ёфтаанд. Дирӯз, 9 март дар ҷаҳон 199 кас (97 нафар танҳо дар Италия) аз вируси мазкур ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG