Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси блогери тоҷик дар Русия 2 моҳи дигар тамдид шуд


Блогери тоҷик Кароматуллоҳ Ҷабборов.
Блогери тоҷик Кароматуллоҳ Ҷабборов.

Додгоҳе дар шаҳри Маскав мӯҳлати ҳабси Кароматуллоҳ Ҷабборов, шаҳрванди Тоҷикистон ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскавро то 8-уми май тамдид кард. Давоми як моҳи ахир барои бори дувум аст, ки мӯҳлати боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон тамдид мешавад.

Хабаргузории русии "ТАСС" бо такя ба манбаъҳои худ дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав хабар дод, ки ҳукми додгоҳ дар ин робита рӯзи 6-уми март содир шудааст. Ба итилои манбаъ, додрас Сергей Хомяков ҳини қироати ҳукм гуфтааст, ки пас аз шунидани назари тарафҳо, бо дархости таҳқиқот, мӯҳлати нигаҳдории Ҷабборов то 8-уми май тамдид шуд.

Бозпурсӣ ба ин далел хостори тамдиди боздошт шуд, ки муттаҳам дар Маскав сабти ном нашудааст ва эҳтимол дорад онро аз ниҳодҳои интизомӣ пинҳон кардааст. Ҷобиров гуфтааст, ки таҳқиқот дар нисбати вай давоми як моҳ анҷом нашуд ва бинобар ин, ҳадаф аз нигаҳдории вай дар боздоштгоҳ мушаххас нест.

Қаблан Додгоҳи ноҳияи Черемушки ин блогери тоҷикро барои сабти "пранк" ваё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ҳабс кард. Ин шаҳрванди Тоҷикистон он замон танҳо ба авбошӣ муттаҳам шуда буд. Ӯро рӯзи 8-уми феврал дастгир кардаанд. Ҷабборов қаблан дар додгоҳ иттиҳоми авбоширо напазируфта, худро бегуноҳ шумурда буд.

Вазорати корҳои дохилии Русия пас аз ҳодисаи саҳнаи шӯхиомез гуфт, сабти "пранк" рӯзи 2-юми феврал дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи "Полежаевская" ба тарафи "Улица 1905 года" ҳаракат дошт, сурат гирифтааст.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Коронавирус дар саросари ҷаҳон то кунун беш аз 3500 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.

XS
SM
MD
LG